Дар бораи лоиҳа

«Дурри марҷон» — ин маҷмўаи адабии саргузаштҳои шахсии занони тоҷик ва тақдири онҳост, ки ба сони шаддаи марҷони шарорангез фароҳам омадааст. «Дурри марҷон» — ин ҳикояҳои хурд оид ба ҳаёт, қисмат ва интихоби занон аст.

Қиссаҳои шахсие, ки Шумо, худатон баён менамоед, мўҳтавои маҷмўаро ба вуҷуд меоранд ва илҳому рўҳбахши занону бонувон дар сартосари мамлакат хоҳанд буд!

«Дурри марҷон» — ин ҳамзамон имкони мулоқоту гуфтугўи озод бо занон, нависандаю шоираҳо, рассомбонувон мебошад. Вохўриҳои рў ба рўю кушоди мо — ин сўҳбатҳои самимии сари як пиёла чой, ҷонибдории ташаббусҳо ва заминаи ҳамкориҳост. Ин боз дарсҳои маҳорат ва таълиму омўзиш аст.

Шумо омодаед, ки қиссаҳои рўзгоратонро ба забон оред, аммо бароятон навиштан душворӣ дорад? Пас саргузашти шахсиатонро мо ҳамроҳ менависем! Шумо мехоҳед воқеаҳои ба саратон омадаро интишор кунед, вале айни замон мехоҳед номатон пўшида монад? Агар шартҳои воқеияти муаллиф риоя шавад, мо ниҳон мондани исматонро кафолат медиҳем.

Мавзўъҳои ҳикояҳои шахсии шумо инҳоянд: МУҲАББАТ, ОИЛА, БАЧАГӢ ВА ФАРЗАНДОН, ПАДАРУ МОДАР, МУОШИРАТ ДАР ЗАНОШЎӢ, КОР ВА КОМЁБИҲО, ТАБЪИЗ ВА БАРТАРАФСОЗИИ МОНЕАҲО.

Шартҳои қабули мавод:

Мўҳлати пазируфтани корҳо аз 1 декабри соли 2018 то 31 марти соли 2019.

Маводи муаллифӣ ва ҳаммуаллифӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаклҳои:

  • ривоят,
  • новелла,
  • ҳикоя,
  • мактуб,
  • қайду мулоҳизаҳо қабул карда мешаванд.

Аз ҳар муаллиф то се мавод ба яке аз забонҳои зикрёфта роҳ дода мешаванд. Ҳаҷми матн — на зиёда аз 3 саҳифа, ҳуруфи Times New Roman 12.

Маводе, ки мундариҷаашон аз гуфтугузори берун аз одоб, даъват ба зўроварӣ, алангаангезии душманонаи байналмилалӣ, сиёсӣ ва ё динӣ иборатанд, инчунин корҳое, ки пештар нашр шудаанд, қобили қабул нестанд.

Кулли корҳо пешакӣ омўхта ва мутобиқ ба мавзўю талаботи Шўрои адабӣ интихоб хоҳанд шуд.

Мавод тақриз ва ба муаллифон баргардонида намешаванд. Ташкилкунандагон ҳуқуқи ҷой додани маводро дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ, шабакаҳои Интернет, инчунин истифодаи онҳоро ҳангоми тайёр кардани маҳсулот, ки дар доираи лоиҳа истеҳсол мешавад, ба ихтиёри худ мегузоранд.

Мавод, савол ва хоҳишҳои худро ба унвони: info@tajikmama.tj бо қайди «Дурри марҷон» ирсол намоед.