Пайванд
Зайнаб ду духтар дошту боз обистан буд. Шавҳараш, ки ҷинси «паршикаста»-ҳоро дўст намедошт, Зайнабро ҳар замон таъкид мекард:
– Агар боз духтардор шавӣ, аз остона ин тараф қадам намон…
Чашми Зайнаб дар таваллудхона равшан шуд. Азбаски дарди ҷонкоҳ кашиду вуҷудаш озор дид, субҳи дигар ба худ омад.
– Духтар ё писар? – ин суоли нахустинаш буд.
Дояи куҳансол хушҳолона гуфт:
– Муборак бошад, як духтарчаи дўструяк!
Чашмони бодомии Зайнаб пуроб шуданд, қатраҳои ашк ба рухсори беожангаш ѓалтиданд. Лекин касеро аён набуд, ки ин ашки шодист ё ашки ҳасрату надомат.
Ҳамон рўз дар палатаи онҳо як зан писардор шуд, ки ин писари ҳафтумаш буд.
– Кош ҳаминаш духтар мешуд,- ҳасратомез гуфт он зан.
Чашмони маҳзуни Зайнаб барқ заданд… Ду модари аз такдир норизо қарор доданд, ки тифлҳояшонро иваз кунанд. Зайнаб духтарчаи парпечи худро ба он зан доду писарро рўи даст гирифт. Писарча ба назараш бенуру бегона тофт. «Ҳеҷ боке не, одат мекунам» -худро тасаллӣ дод ў.
Ин лаҳза духтарча, гўё аз сарнавишти ѓамангезаш огоҳ шуда бошад, дар дасти зани бегона ба гиря даромад. Зайнаб гиряи духтарашро шунида, бесаранҷом шуд. Як риштаи ноаён ўро ба сўи духтарча мекашид. «Не, наметавонам, наметавонам» – пайваста мегуфт ба худ модари духтар. Аъзои вуҷудаш меларзид. Оқибат ў писарчаро ба модараш доду духтарчаи гирёни худро гирифта, ба сина пахш кард.
Он духтарча ман будам…
Зулфия Атоӣ